Маҳмуд Аҳмадинажод номзад ба интихоботи президентӣ пешбарӣ шуд

Маҳмуд Аҳмадинажод, президенти пешини Эрон номзадиашро дар интихоботи навбатӣ пешбарӣ кард. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Аҳмадинажодро ҳангоми сабти ном дар ситоди вазорати корҳои дохилии Эрон 12 апрел мушовираш Исфандиёр Раҳим Машшоӣ ва Ҳамидризоӣ Бақоӣ, ки дар замони роҳбарии Маҳмуд Аҳмадинажод, мақоми ноиб-президентро бар уҳда дошт, ҳамроҳӣ карданд. Оятулло Алии Хоманаӣ, роҳбари маънавии […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Маҳмуд Аҳмадинажод, президенти пешини Эрон номзадиашро дар интихоботи навбатӣ пешбарӣ кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Аҳмадинажодро ҳангоми сабти ном дар ситоди вазорати корҳои дохилии Эрон 12 апрел мушовираш Исфандиёр Раҳим Машшоӣ ва Ҳамидризоӣ Бақоӣ, ки дар замони роҳбарии Маҳмуд Аҳмадинажод, мақоми ноиб-президентро бар уҳда дошт, ҳамроҳӣ карданд.

Оятулло Алии Хоманаӣ, роҳбари маънавии Эрон дар гузашта аз Аҳмадинажод хоста буд, ки номзадиашро пешбарӣ накунад. Аҳмадинажод аз соли 2005 то 2013 президенти Эрон буд. Ҳасани Руҳонӣ ӯро дар ин мақом иваз кард.

Сабти номи номзадҳо барои ширкат дар интихоботи президентии Эрон 10 апрел шуруъ шуд. Ҷараёни сабти ном то 15 апрел идома мекунад. Рӯйхати комили номзадҳо 26-27 апрел эълон хоҳад шуд.

Интихоботи 12-уми президентии Эрон 19 май дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.