Густариши сармоягузории Чин ба истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ байни ҳукумати ҶТ ва ширкати «Крисо Ресурсиз Лимитед» ва ҶДММ «Пакрут» оид ба истихроҷи кони «Пакрут» созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», созишномаро аз номи Ҳукумати ҶТ Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, аз ҷониби Ширкати «Крисо […]

АМИТ «Ховар»

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ байни ҳукумати ҶТ ва ширкати «Крисо Ресурсиз Лимитед» ва ҶДММ «Пакрут» оид ба истихроҷи кони «Пакрут» созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», созишномаро аз номи Ҳукумати ҶТ Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, аз ҷониби Ширкати «Крисо Ресурсиз Лимитед» Юй Чжунчин ва аз ҷониби ҶДММ «Пакрут» Ли Ююй имзо намуданд.

Гуфта мешавад, тибқи ҳуҷҷати мазкур сармоягузории сохтмон ва истифодаи кони маъдан, ба роҳ мондани фаъолияти босамари фабрикаи бойгардонӣ (дар марҳилаи якум коркарди маъдан бо иқтидори 660 ҳазор тонна дар як сол ва дар марҳилаи дуюм низ 660 ҳазор тонна дар як сол), беҳтарсозии инфрасохтори роҳ, иншооти муҳандисӣ ва дигар корҳои вобаста ба ин лоиҳаи сармоягузориро ба сомон расонида, ҷиҳати амалигардонии ин корҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо менамояд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз ҷониби ҶДММ «Пакрут» барои пешбурди фаъолияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беш аз 180 млн. доллари амрикоӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.