Эҳтимоли маҳрумияти ҷонибдорони гурӯҳҳои тундрав аз шаҳрвандии Русия

Президенти Русия  Владимир Путин гуфтааст, мақомоти кишвараш имкони аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардани онҳоеро, ки ба гурӯҳҳои тундрав шомил шудаанд, пайдо хоҳанд кард. Бахши хабарии Осиёи Марказӣ дар ин робита менависад, Путин зимни сӯҳбат бо телевизиони "Мир-24" изҳор доштааст, ки қонуни асосии Русия лағви шаҳрвандиро иҷозат намедиҳад ва аз ин рӯ, имкон дорад, баъзе аз […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Русия  Владимир Путин гуфтааст, мақомоти кишвараш имкони аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардани онҳоеро, ки ба гурӯҳҳои тундрав шомил шудаанд, пайдо хоҳанд кард.

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ дар ин робита менависад, Путин зимни сӯҳбат бо телевизиони "Мир-24" изҳор доштааст, ки қонуни асосии Русия лағви шаҳрвандиро иҷозат намедиҳад ва аз ин рӯ, имкон дорад, баъзе аз қарорҳое, ки барои дарёфти шаҳрвандӣ асос мешуданд, бекор карда шаванд.

Ахиран маълум шуд, ки гумонбари ҳамлаи террористӣ дар метрои Санкт-Петербург ва зодаи Қирғизистон Акбарҷон Ҷалилов соли 2011 шаҳрвандии Русияро барои он дарёфт кард, ки падараш дар Петербург зиндагӣ мекард. Бисёриҳо дар Русия дастрасии Ҷалиловро ба шаҳрвандии Русия камбуди хадамоти муҳоҷират унвон карданд.

Дар чаҳорчӯби таҳқиқи ин амали террористӣ 8 нафар бо гумони узвият дар гурӯҳҳои ифротгаро дастгир шуданд. Ҳамаи боздоштшудаҳо зодаҳои Осиёи Марказиянд. Қаблан раҳбари Хадамоти федеролии амнияти Русия Александр Бортников гуфт, ки асоси гурӯҳҳои террористиро дар кишвараш шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ташкил медиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.