Вакилон субъектҳои ҳуқуқэҷодкунро мушаххас карданд

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон қонун «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»-ро дар таҳрири нав қабул кард. Дар баробари тағйироту иловаҳои дигар, дар қонуни нав субъектҳои қонунофар мушаххас нишон дода мешаванд. Муовини аввали вазир адлияи ҷумҳурӣ Абдуманнон Холиқзода таъкид дошт, ки зимни таҳияи лоиҳаи нави қонун ба такмили фаъолияти қонунэҷодкунӣ ва ба талаботи муосир мутобиқ кардани низоми […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон қонун «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»-ро дар таҳрири нав қабул кард. Дар баробари тағйироту иловаҳои дигар, дар қонуни нав субъектҳои қонунофар мушаххас нишон дода мешаванд.

Муовини аввали вазир адлияи ҷумҳурӣ Абдуманнон Холиқзода таъкид дошт, ки зимни таҳияи лоиҳаи нави қонун ба такмили фаъолияти қонунэҷодкунӣ ва ба талаботи муосир мутобиқ кардани низоми ҳуқуқии кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Номбурда бар ин назар аст, ки қонун «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бояд барои таҳияи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи намуна бошад.

Холиқзода зикр кард, ки қариб тамоми матни қонун таҳрир ва акнун лоиҳаи нав бо забони бештар соддаву фаҳмо таҳия гардида, ҳамчунин шарҳи мафҳумҳои қонун низ возеҳ баён шудааст, то ки шарҳу тавзеҳҳои гуногун ба миён наоянд.   

Мувофиқи қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ба субъектҳои қонунэҷодкун – Халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо, мақомоти идоракунии шаҳраку деҳот дохил мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.