Вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви СААД дар Бишкек

Рӯзи 14 апрел дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек президенти Русия Владимир Путин бо сарони кишварҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ғайрирасмӣ дидору гуфтушунид мекунад. Бино ба маълумоти ВАО-и Русия бо истинод ба сухангӯи президенти ин кишвар Дмитрий Песков, рӯзи 15 апрел ба таъсиси СААД 15 сол пур шуда, дар ин робита Владимир Путин бо […]

Рӯзи 14 апрел дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек президенти Русия Владимир Путин бо сарони кишварҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ғайрирасмӣ дидору гуфтушунид мекунад.

Бино ба маълумоти ВАО-и Русия бо истинод ба сухангӯи президенти ин кишвар Дмитрий Песков, рӯзи 15 апрел ба таъсиси СААД 15 сол пур шуда, дар ин робита Владимир Путин бо шабакаи телевизиону радиои «Мир» мусоҳиба мекунад.

Ҳадаф аз таъсиси СААД ҳимояи тамомияти арзӣ ва соҳибистиқлолии кишварҳои узви Созмон, ҳамчунин таҳкими амнияти минтақа ва ҷаҳон унвон мешавад.

Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бар асоси Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъии 15 майи соли 1992 аз ҷониби кишварҳои узви ИДМ баимзорасида таъсис дода шуд. Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон кишварҳои узви СААД мебошанд. Охири моҳи июни соли 2012 Ӯзбекистон эълон кард, ки узвияти худ дар Созмонро бозмедорад.

Қобили зикр аст, ки 1 январи соли 2017 бинобар сабаби анҷоми муҳлати ваколатҳои Николай Бордюжа дар вазифаи дабири куллли СААД, иҷрои вазифаҳои ӯ ба дӯши муовинаш Валерий Семериков вогузор гардида, тасдиқи дабири кулли Созмон то нишасти баҳорӣ мавқуф гузошта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.