Муҳлати ба нафақа баромадани гумрукчиён се сол зиёд шуд

Ҳукумати Тоҷикистон муҳлати ҳадди ниҳоии синнусоли ба нафақа баромадани кормандони хадамоти гумрукро се сол зиёд мекунад. Имрӯз вакилони палатаи поёнии парлумон тағйироти дахлдорро дар ин хусус қабул карданд. Ҳамин тариқ, синни ба нафақа баромадани кормандони хадамоти гумрук дар рутбаи аз сержант то капитан – аз 50 то ба 53 сол, аз майор то ба полковник […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон муҳлати ҳадди ниҳоии синнусоли ба нафақа баромадани кормандони хадамоти гумрукро се сол зиёд мекунад. Имрӯз вакилони палатаи поёнии парлумон тағйироти дахлдорро дар ин хусус қабул карданд.

Ҳамин тариқ, синни ба нафақа баромадани кормандони хадамоти гумрук дар рутбаи аз сержант то капитан – аз 50 то ба 53 сол, аз майор то ба полковник – аз 55 то ба 58 сол ва ҳайати генералӣ – аз 60 то ба 63 сол боло бурда шуда, меъёрҳои муқарраршуда ҳам ба мардон ва ҳам ба занон дахл доранд.

Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ғоиб зарурати ворид намудани тағироти мазкурро ба сарфаи воситаҳои буҷет дар шароити буҳрони молиявӣ асоснок кард.

Ӯ қайд кард, ки музди меҳнати моҳонаи кормандони хадамоти гумрук дар вазифаи нозир 1037 сомониро ташкил дода, ҳангоми ба нафақа баромадан дар синни 50-солагӣ бо назардошти 25 сол собиқаи кор, ба ин корманд дар ҳаҷми 830 сомонӣ нафақа таъин мешавад ва дар сурати боло бурдани синни нафақа боз ба се соли дигар, аз ҳисоби як корманд дар вазифаи нозир беш аз 30 ҳазор сомонӣ воситаҳои буҷет сарфа мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио