Боздошти бародари «террористи Стокголм» дар Самарқанд

Date:

Мақомоти қудратии Ӯзбекистон рӯзи 23 апрел Олим Оқилови 44-сола, бародари Раҳмат Оқилов – гумонбари ҳамлаи Стокголмро дар шаҳри Самарқанд боздошт карданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, лар ин бора пайвандони Оқиловҳо хабар дода, изҳор доштаанд, ки эҳтимол вай бо бародараш ҳамдаст аст.

“Олим рӯзҳои охир азоби руҳиро таҳаммул мекард, – нақл кардаанд пайвандони Оқиловҳо. – Вай ният дошт барои иштирок дар додгоҳи бародараш ба Шветсия равад”.

Гуфта мешавад, Раҳмат Оқилови 39-сола 7 апрел дар маркази Стокҳглм бо мошини борбар ба пиёдагардон ҳамла карда, дар натиҷа чаҳор кас кушта ва 15 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Баъди чанд соати ҳодиса Раҳмат Оқилов, шаҳрванди Ӯзбекистон боздошт шуда, дар додгоҳ ба гуноҳаш иқрор кард.

Тавре нашрияи Expressen​ менависад, Раҳмат Оқилов дар бозпурсӣ гуфтааст, ки дастури ҳамларо аз ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" дарёфт кардааст. Мақомоти Шветсия низ дар рӯзи боздошти Оқилови дувум, дар Стокголм дар пайи амалиёти вижа як гумонбари дигари ҳамлаи теракти 7 апрелро боздошт карданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...