Масъулияти амали террористӣ дар Петербургро як гурӯҳи «Ал-Қоида» ба дӯш гирифт

Масъулияти содир кардани амали террористӣ дар Петербургро як гурӯҳи марбут ба «Ал-Қоида» ба дӯш гирифтаааст, хабар медиҳад SITE. Гуфта мешавад, аъзои ин гурӯҳ таҳдид кардаанд, ки амалҳои терористии нав анҷом хоҳанд дод. Қаблан «Газета.ру» иттилоъ дода буд, ки Интерпол пешвои ташкилоти «Тавҳид вал-Ҷиҳод» Сироҷиддин Мухторов (маъруф бо номи Абӯ Салоҳ ал-Ӯзбекӣ)-ро меҷӯяд, ки ба «Ал-Қоида» […]

Asia-Plus

Масъулияти содир кардани амали террористӣ дар Петербургро як гурӯҳи марбут ба «Ал-Қоида» ба дӯш гирифтаааст, хабар медиҳад SITE. Гуфта мешавад, аъзои ин гурӯҳ таҳдид кардаанд, ки амалҳои терористии нав анҷом хоҳанд дод.

Қаблан «Газета.ру» иттилоъ дода буд, ки Интерпол пешвои ташкилоти «Тавҳид вал-Ҷиҳод» Сироҷиддин Мухторов (маъруф бо номи Абӯ Салоҳ ал-Ӯзбекӣ)-ро меҷӯяд, ки ба «Ал-Қоида» савганд ёд кардааст. Маҳз ӯро фармоишгари эҳтимолии амали террористӣ дар метрои Петербург номида буданд.

Мухторов соли 1990 дар вилояти Оши Қирғизистон таваллуд шуда, аз нигоҳи этникӣ уйғур ва миллаташ дар шиноснома «ӯзбек» сабт шудааст. Аз соли 2016 ӯро Интерпол ба гумони даст доштан дар содир кардани амали террористӣ назди сафорати Чин дар Бишкек мавриди пайгард қарор додааст.

Ёдрас мекунем, ки нимаи рӯзи 3 апрел дар вагони қатораи метрои Петербург таркиш рух дода, бар асари он бо шумули террористи маргталаб 16 нафар ҳалок ва беш аз 60 кас ҷароҳат бардоштанд. Худи ҳамон рӯз дар метрои ин шаҳр боз як бомбаи худсохт безарар гардонида шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст