Гузашти низомӣ дар Душанбе ба муносибати ҷашни Рӯзи Ғалаба

Субҳи рӯзи 9 май дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе ба муносибати 72-юмин солгарди Ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 гузашти низомӣ доир мегардад. Ба сафороии низомиён мушовири вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-майор Латиф Файзиев роҳбарӣ карда, гузаштро вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо қабул мекунад. Дар маросими гузашти низомӣ президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Субҳи рӯзи 9 май дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе ба муносибати 72-юмин солгарди Ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 гузашти низомӣ доир мегардад.

Ба сафороии низомиён мушовири вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-майор Латиф Файзиев роҳбарӣ карда, гузаштро вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо қабул мекунад.

Дар маросими гузашти низомӣ президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ба сифати меҳмонони фахрӣ як гурӯҳи собиқадорони ҷангу меҳнат ҳузур хоҳанд дошт.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, пеш аз оғози гузашт маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи Гулхани абадӣ баргузор шуда, ҳозирин хотираи қурбониёни ҷангро бо хомӯшии якдақиқаина пос медоранд.

Дар гузашти низомӣ дар шаҳри Душанбе беш аз 2 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии гарнизони Душанбе ва ҳамчунин сарбозону афсарони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Баъди анҷоми гузашт маросими савгандёдкунии наваскароне, ки ба хизмати ҳарбӣ дар артиши Тоҷикистон даъват шудаанд, барпо мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.