Роҳбари Хадамоти гумрук дар Чин қарор дошта, ин ниҳод ба таври муқаррарӣ фаъолият дорад

Date:

Дар Тоҷикистон маълумот доир ба боздошти 40 нафар кормандони Хадамоти гумрукро ба гумони даст доштан дар коррупсия рад мекунанд.

Тавре як манбаъ аз сохторҳои қудратӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ин маълумот асоси воқеӣ надорад.

«Охири соли гузашта дар баъзе воҳидҳои Хадамоти гумрук санҷиши дохилӣ гузаронида шуда, якчанд камбудиҳо ошкор ва барои ислоҳи онҳо муҳлат дода шуд, – гуфт манбаъ. – Ин камбудиҳоро ба ҳеҷ гунае наметавон ҳамчун қонуншиканӣ ё ҷиноят маънидод кард».

Таъкид шуд, ки он замон сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб дастур дода буд, ки дар бораи натиҷаҳои санҷиш (аудит) хаттӣ ба Агентии зиддифасод маълумот пешниҳод карда шавад.

«Айни замон роҳбари Хадамот бо иҷозаи президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар сафари хидматӣ дар Чин қарор дошта, бо ҳамтоҳои чинии худ масъалаҳои ҳамкории мақомоти гумруки ҳарду кишвар ва омодакунии мутахассисони тоҷик дар мактабҳои олии Чинро баррасӣ мекунад», – иброз дошт манбаъ.

Қаблан чанде аз ВАО бо истинод ба манбаъҳои худ дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон хабар доданд, ки сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб ба наздикӣ аз мансабаш сабукдӯш мегардад.

Сабаби барканории ӯ аз мансаб чунин маънидод шуд, ки соли 2016 Хадамоти гумрук нақшаи воридшавии маблағҳо ба буҷети ҷумҳуриро таъмин карда натавонист.

Ғайр аз ин, ВАО иттилоъ дода буданд, ки беш аз 40 нафар кормандони хадамоти гумрук барои даст доштан дар порагирӣ аз соҳибкорон барои кам кардани арзиши гумрукии маҳсулоти воридотӣ ба кишвар боздошт шудаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...