Кишварҳои ОМ дубора ба низоми ягонаи энергетикӣ мутатҳид мешаванд

Date:

Имрӯз дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони идораҳои энергетикии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ доир мегардад, ки дар он масъалаи барқарор кардани низоми ягонаи энергетикии минтақа баррасӣ мешавад. Дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур намедонанд, ки ҳалқаи ягонаи энергетикӣ ояндаи наздик барқарор мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ҷаласаи имрӯза дар шаҳри Алмаато роҳбарони идораҳои энергетикии Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон ширкат варзида, ҷониби Тоҷикистонро раиси ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода намояндагӣ мекунад.

Бино ба гуфтаи манбаъ, то ин вохӯрӣ кишварҳои минтақа лоиҳаи санади Низоми муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказиро мувофиқа кардаанд.

Изҳори итминон шуд, ки баъди имзои санади мазкур, ояндаи наздик Тоҷикистон интиқоли барқашро ба Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои минтақа, ки аз моҳи ноябри соли 2009 қатъ гардида буд, оғоз мекунад. Дар мавсими тобистон Тоҷикистон ҳудуди 5 млрд. кВт/соат нерӯи барқ содирот карда метавонад.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар мавсими тобистон Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳаҷми 800 млн. ва Қирғизистон – 600 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол медиҳад. Иқтидори боқимондаи наздики 3,6 млрд. кВт/соат дар мавсими тобистон бинобар сабаби аз низоми ягонаи энергетикӣ хориҷ шудани Ӯзбекистон, истифода намешавад.

Доир ба зарурати дубора барқарор кардани низоми ягонаи энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар Ӯзбекистону Қирғизистон изҳори назар шуда буд.

Даъватҳои кишварҳои ҷудогона ва созмонҳои байнулмилалӣ оид ба муттаҳид кардани иқтидорҳои электроэнергетикии кишварҳои минтақа аз соли 2014 садо медиҳанд. Он замон зикр гардида буд, ки Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи барқарор кардани низоми ягонаи энергетикиро бидуни иштироки Ӯзбекистон, ки аз ҳама бештар аз кори «ҳалқаи ягона» норозӣ буда, аз он хориҷ шуд, баррасӣ доранд, вале қабули қарори мушаххас дар ин самт муясар нашуд.

Ташаккули низоми минтақавии энергетикӣ бо шумулуи иқтидорҳои Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистони Ҷанубӣ ҳамчун Низоми муттаҳидаи энергеткии Осиёи Марказӣ соли 1991 ба анҷом расида буд. Он аз 83 нерӯгоҳи барқӣ бо иқтидори умумии 25 ҳазор МВт иборат буд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...