Рашид Раҳимов дастаи «Терек»-ро тарк мекунад

spot_imgspot_img

Дата:

Рашид Раҳимов, футболбоз ва мураббии маъруфи тоҷик дар поёни ин мавсим дастаи “Терек”-и Грознийро тарк мекунад.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», мураббии 52-сола гуфтааст, дар ин мавзӯъ бо раҳбарияти даста гуфтугӯ дошт: “Дар мусобиқа тими мо як бозии дигар анҷом медиҳад, моро зарур аст барои он омодагӣ бигирем, баъди рухсатӣ бошад, ситоди нави мураббиён ба кор оғоз мекунад”.

Ба гуфтаи Раҳимов ҳоло дар бораи идома додани карерааш фикр намекунад. Соли сипаришуда, Рашид Раҳимов барои ташхиси вазъи саломатиаш ба пойтахти Австрия рафта буд.

Рашид Раҳимов 18 марти соли 1965 дар Душанбе ба дунё омадааст. Дастпарвари клуби “Захираҳои меҳнатӣ”-и Душанбе аст. Дар чемпионати СССР дар ҳайати “Помир”-и овозадор ба майдон мебаромад. Соли 1988 унвони устоди варзишро соҳиб шуд.

Дар ҳайати тимҳои “Локомотив” ва “Спартак”-и Маскав бозӣ кардааст. Раҳимов солҳои 2007-2009 “Локомотив”-и Маскав ва солҳои 2009-2011”Амкар”-и Пермро тамрин додааст. Аз 7 ноябри соли 2013 ба сифати сармураббии “Терек”-и Грозний фаъолият мекунад. Моҳи майи соли равон, Раҳимов ба унвони “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Чеченистон” сарфароз гардид.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...