Талабот ба реклама дар Тоҷикистон сангинтар мешавад

Вакилони палатаи поёнии парлумон ба омӯзиши тағйирот ба қонун «Дар бораи реклама» шурӯъ намуданд, ки мувофиқи он минбаъд истеҳсолкунандагони маснӯоти тамоку ва машрубот аз ҳаққи ҳама гуна рекламаи маҳсулоти худ маҳрум мешаванд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод, дар тағйирот манъи зикри ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти тамоку ва машрубот пешбинӣ шудааст, ҳатто […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вакилони палатаи поёнии парлумон ба омӯзиши тағйирот ба қонун «Дар бораи реклама» шурӯъ намуданд, ки мувофиқи он минбаъд истеҳсолкунандагони маснӯоти тамоку ва машрубот аз ҳаққи ҳама гуна рекламаи маҳсулоти худ маҳрум мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод, дар тағйирот манъи зикри ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти тамоку ва машрубот пешбинӣ шудааст, ҳатто агар онҳо ба сифати сарпарасти ин ё он чорабинӣ иқдом варзида бошанд.

«Қаблан зикри маҳсулоти онҳо ва акнун зикри номи худи ширкате, ки маснӯоти тамоку ё нӯшокиҳои машруботӣ истеҳсол мекунад, манъ мешавад», – гуфт манбаъ.

Мутобиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, айни замон рекламаи воситаҳои доруворӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва санитарӣ-гигиенӣ, маҳсулоти муолиҷавӣ, иловаҳои ғизо ва воситаҳои ороишӣ, ки аз қайди мақомоти давлатии Вазорати тандурустӣ нагузаштаанд ва ҳамчунин рекламаи методҳои муолиҷа, ташхис ва солимгардонӣ бидуни иҷозати Вазорати тандурустӣ, аз ҷумла гирифтани патент барои ихтироъкорӣ дар ин соҳа манъ аст.

Ҳамчунин ба рекламаи ҳама гуна навъҳои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ роҳ дода намешавад, ба истиснои рекламаи аслиҳаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла силоҳи шикорӣ ва варзишӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.