Агентии зиддифасод бо маоши 80 доллар муфаттиш меҷӯяд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусияи Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холӣ озмун эълон кард. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Агентӣ, хоҳишмандони кор кардан дар мансабҳои сардори бахши тиббӣ, сарнозир ва муфаттишон дар раёсат ва шуъбаҳои гуногун ҳуҷҷатҳои худро бояд на дертар аз 15 июн ба Агентӣ пешниҳод намоянд. Довталабон ба мансабҳо бояд маълумоти […]

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусияи Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холӣ озмун эълон кард.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Агентӣ, хоҳишмандони кор кардан дар мансабҳои сардори бахши тиббӣ, сарнозир ва муфаттишон дар раёсат ва шуъбаҳои гуногун ҳуҷҷатҳои худро бояд на дертар аз 15 июн ба Агентӣ пешниҳод намоянд.

Довталабон ба мансабҳо бояд маълумоти олӣ ва таҷрибаи корӣ дошта, ба онҳо донистани Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ, санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида дар ин соҳа, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

Музди меҳнати моҳонаи сардори бахши тиббӣ 919 сомонӣ (112 доллар бо қурби Бонки миллӣ), сарнозир – 859 сомонӣ (105 доллар) ва муфаттиш – 628 сомонӣ (76 доллар)-ро ташкил медиҳад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.