Тошканду Душанбе масоили марзиро ҳал мекунанд

Зимни ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳалли масоили қаламрав ва марзҳои давлатӣ, ки рӯзҳои 30-31 май дар Душанбе доир мегардад, ҷонибҳо ният доранд, ки мушкилоти ҷойдошта дар қитъаҳои мувофиқанашудаи сарҳдаҳои ҳарду кишварро ба таври ниҳоӣ ҳаллу фасл намоянд. Бино ба иттилои як манбаи «Азия-Плюс» дар ҳукумати ҷумҳурӣ, хати асосии марзи давлатӣ […]

Зимни ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳалли масоили қаламрав ва марзҳои давлатӣ, ки рӯзҳои 30-31 май дар Душанбе доир мегардад, ҷонибҳо ният доранд, ки мушкилоти ҷойдошта дар қитъаҳои мувофиқанашудаи сарҳдаҳои ҳарду кишварро ба таври ниҳоӣ ҳаллу фасл намоянд.

Бино ба иттилои як манбаи «Азия-Плюс» дар ҳукумати ҷумҳурӣ, хати асосии марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон аллакай мувофиқа ва бо Шартнома аз соли 2002 миёни кишварҳо дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон тасдиқ шуда, парлумонҳои ҳарду ҷониб низ онро маъқул шуморидаанд.

Айни замон хати гузариши марз танҳо дар ҳудуди 60 километри сарҳади давлатӣ миёни ҷонибҳо то ҳол мувофиқа нашудааст.

Масофаи умумии марз миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад, ки тӯли сарҳади заминӣ – 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) – 105 километр аст.

Ёдрас мекунем, ки Комиссияи байниҳукуматии таъйин ва аломатгузории марз миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бори охир аз 20 то 22 феврали соли 2012 дар Душанбе гуфтушунид карда буданд.

Он замон комиссияро аз ҷониби Тоҷикистон котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров ва аз ҷониби Ӯзбекистон муовини аввали сарвазир ва вазири молияи ин кишвар Рустам Азимов роҳбарӣ карда буданд.

Дар гуфтушуниди кунунӣ ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Маҳмадшариф Ҳақдод ва ҳайати Ӯзбекистонро сафир оид ба супоришҳои махсус Илҳом Неъматов сарварӣ мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.