Оғози размоиши «Зиддитеррор-2017» дар Тоҷикистон

Аз 30 то 1 июн дар қаламрави ду машқгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон – «Ҳарбмайдон» ва «Лоҳур» марҳилаи фаъоли размоишҳои байнулмилалии «Зиддитеррор-2017» доир мегардад, ки нахустин тамрини Маркази зиддитеррористии ИДМ бо ҷалби нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои Иттиҳод аст. Дар ҷараёни тамринҳо гурӯҳи муштараки нерӯҳои хушкигарди Тоҷикистону Русия бо дастгирии авиатсия тарзу усулҳои мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ дар […]

Аз 30 то 1 июн дар қаламрави ду машқгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон – «Ҳарбмайдон» ва «Лоҳур» марҳилаи фаъоли размоишҳои байнулмилалии «Зиддитеррор-2017» доир мегардад, ки нахустин тамрини Маркази зиддитеррористии ИДМ бо ҷалби нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои Иттиҳод аст.

Дар ҷараёни тамринҳо гурӯҳи муштараки нерӯҳои хушкигарди Тоҷикистону Русия бо дастгирии авиатсия тарзу усулҳои мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ дар мавзеи кӯҳистон ва ҳамчунин таркибҳои амалиёти таъмини сулҳу осоиштагиро мавриди омӯзиш ва дар амал месанҷанд.

Барои иҷрои вазифаҳои дар тамрин гузошташуда имконоти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон пурзӯр карда шуда, нерӯҳои он бо дивизиони низоми реактивии оташкушоии шилликии «Ураган» тақвият дода шудаанд.

Ҳамчунин нуқтаҳои зудамали идоракунӣ, воҳидҳои гуногуни авиатсия ва артиллерия, ҳамчунин нерӯҳои таъиноти махсус ва воҳидҳои ҳавоӣ-десантӣ ба мавзеъҳои тамрин сафарбар мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар тамринҳои мазкур Русия бори нахуст шабакаҳои мушакии "Искандар-М”-ро ба Тоҷикистон интиқол дод. Зимни машқҳо ба самти лагери террористони эҳтимолӣ ин гуна мушак партоб хоҳад шуд. Мушакҳо бо бузургтарин ҳавопаймоҳои ҳарбии боркаши Нерӯҳои ҳарбӣ-кайҳонии Русия «Руслан» ба Тоҷикистон оварда шудаанд.

Ҳамоҳангсози амалиёти тамринҳои низомӣ Кумитаи давлатии амнияти милллии Тоҷикистон мебошад.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия бузургтарин иншооти ҳарбии Русия дар берун аз қаламрави ин кишвар буда, ҷузъу томҳояш дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа мустақар мебошанд. Мутобиқи Созишномаи моҳи октябри соли 2012 аз ҷониби сарони ҳарду кишвар баимзорасида, муҳлати ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистон то соли 2042 муқаррар шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.