Комроншоҳи Устопириён дар сегонаи беҳтарин дзюдочиёни ҷаҳон

Гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён баъди пирӯзӣ дар мусобиқаи Чемпионати Осиё дар Гонконг ба сегонаи беҳтарин дзюдочиёни ҷаҳон дар вазни то 90 кило шомил гардид. Дар рейтинги интишоршуда дар сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии дзюдо (IJF) Комроншоҳи Устопириён миёни варзишгарони вазни зери 90 кило бо касби 2160 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудааст. Дар ин рейтинг […]

Гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён баъди пирӯзӣ дар мусобиқаи Чемпионати Осиё дар Гонконг ба сегонаи беҳтарин дзюдочиёни ҷаҳон дар вазни то 90 кило шомил гардид.

Дар рейтинги интишоршуда дар сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии дзюдо (IJF) Комроншоҳи Устопириён миёни варзишгарони вазни зери 90 кило бо касби 2160 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудааст. Дар ин рейтинг номи беш аз 300 нафар беҳтарин дзюдочиёни ҷаҳон зикр шудааст.

Дар рейтинги ҷаҳонии дзюдо дар вазни то 90 кило намояндаи Сербия Александр Куколҷи бо 2580 имтиёз пешсаф буда, зинаи дуюмро бо 2400 имтиёз гуштигири Фаронса Аксел Клегерти ишғол мекунад.

Ба даҳгонаи дзюдочиёни беҳтарини ҷаҳон дар вазни зери 90 кило ҳамчунин Донган Квак аз Кореяи Ҷанубӣ, Машу Бакер аз Япония, Хунзао Ченг аз Чин, Ислом Бозбоев аз Қазоқистон, Кента Нагасава аз Япония, Ҳусейн Холмирзоев аз Русия ва Кристиан Тот аз Маҷористон (Венгрия) низ шомиланд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.