Президент нахустин Кодекси тандурустиро ба имзо расонид

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз имрӯз қонунҳои қаблан дар палатаҳои парлумон тасдиқшуда «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», «Дар бораи ҳимояи рақобат», Кодекси тандурустӣ ва тағйироту илова ба як қатор қонунҳои кишварро ба имзо расонид. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад. Мутобиқи […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз имрӯз қонунҳои қаблан дар палатаҳои парлумон тасдиқшуда «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», «Дар бораи ҳимояи рақобат», Кодекси тандурустӣ ва тағйироту илова ба як қатор қонунҳои кишварро ба имзо расонид. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад.

Мутобиқи муқаррароти нахустин дар таърихи ҷумҳурӣ Кодекси тандурустии Тоҷикистон, ки 15 март онро палатаи поёнии парлумон маъқул шуморид, ба табибони ҷавони бидуни таҷрибаи кофӣ минбаъд ба фаъолияти хусусӣ машғул шудан манъ мешавад.

Зимни суханронӣ назди вакилони парлумон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Насим Олимзода изҳор дошта буд, ки корҳои таҳияи Кодекс бо супориши президент ҳанӯз соли 2013 оғоз гардида буд.

Кодекси қабулшуда 16 қонуни қаблан қабулшуда дар танзими масоили соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистонро иваз мекунад. Кодекс масоили фаъолияти тибби давлатӣ, хусусӣ ва халқиро ба танзим медарорад.

Мувофиқи меъёрҳои Кодекси қабулшуда, табибони ҷавоне, ки таҷрибаи кофӣ надоранд, наметавонанд ба фаъолияти тиббии мустақилона (хусусӣ) машғул шаванд.

Вазири тандурустӣ он вақт зикр карда буд, ки имрӯз дар Тоҷикистон 601 субъект ба пешниҳоди хизматгузориҳои тибби хусусӣ машғуланд.

Дар робита ба тибби халқӣ дар Кодекс зикр мегардад, ки «ҷодугарӣ ва расму оинҳои динӣ тибби хусусӣ эътироф шуда наметавонанд».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.