Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа аз мансаб барканор шуд

Раиси маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло дар робита ба кори дигар гузаштанаш аз мансаб барканор шуд. Имрӯз раиси нав ба фаъолони шаҳр муаррифӣ шуд. Абдуалим Исмоилзода, ки қаблан ба ҳайси раиси ноҳияи Шаҳритӯс ифои вазифа мекард, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа таъин шуд. Ӯ низ имрӯз аз ҷониби раиси вилояти Хатлон […]

Сайраҳмон Нарзиев, Asia-Plus

Раиси маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло дар робита ба кори дигар гузаштанаш аз мансаб барканор шуд. Имрӯз раиси нав ба фаъолони шаҳр муаррифӣ шуд.

Абдуалим Исмоилзода, ки қаблан ба ҳайси раиси ноҳияи Шаҳритӯс ифои вазифа мекард, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа таъин шуд. Ӯ низ имрӯз аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмҳмадзода ба фаъолони шаҳр муаррифӣ гардид.

Гулмаҳмадзода хабар дод, ки фармон дар бораи аз вазифа озод шудани Амир Асадулло имрӯз аз ҷониби президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст. Ӯ ба Амирулло Асадулло барои кори пурмаҳсул дар вазифаи раиси маркази маъмурии вилоят миннатдорӣ изҳор намуд. Амирулло Асадулло аз 21 феврали соли 2014 дар ин вазифа кор мекард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.