Маркази телевизиони аз ҷониби террористон ғасбшуда озод мешавад

Имрӯз дар кӯчае, ки Маркази телевизион дар он воқеъ аст, машқи тамринҳои рӯзи дигар доир гардид. Дар доираи тамринҳои байнулмилалии оғозгардида таҳти унвони «Зиддитеррор-2017» нимаи аввали рӯзи 31 май дар Душанбе масъалаҳои ҳамкории мутақобилаи воҳидҳои таъиноти махсуси Тоҷикистону Русия оид ба озод кардани маркази телевизиони аз ҷониби террористон ишғолшуда дар пойтахт мавриди тамрину омӯзиш ва […]

Имрӯз дар кӯчае, ки Маркази телевизион дар он воқеъ аст, машқи тамринҳои рӯзи дигар доир гардид.

Дар доираи тамринҳои байнулмилалии оғозгардида таҳти унвони «Зиддитеррор-2017» нимаи аввали рӯзи 31 май дар Душанбе масъалаҳои ҳамкории мутақобилаи воҳидҳои таъиноти махсуси Тоҷикистону Русия оид ба озод кардани маркази телевизиони аз ҷониби террористон ишғолшуда дар пойтахт мавриди тамрину омӯзиш ва амал қарор дода мешавад.

Аллакай имрӯз дар мавзеи маркази телевизион дар Душанбе марҳилаи фаъоли омодагӣ ба тамринҳо ҷараён дорад.

Дар гурӯҳи «Мо тоҷикистониён» (Мы – таджикистанцы)-и шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» корбарон менависанд, дар кӯчае, ки маркази телевизион ва киностудия, ҳамчунин маркази савдои «Душанбе-Плаза» («Ашан») воқеъ аст, аз субҳ ҷамъшавии техника ва сарбозон, дудбароиву тирпарронӣ ба мушоҳида расидааст.

Дар ҷараёни тамринҳои зиддитеррористӣ, ки имрӯз дар қаламрави ду машқгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон – «Ҳарбмайдон» ва «Лоҳур» оғоз гардиданд, ҳудуди 2 ҳазор нафар сарбозону афсарони артиши Русия, беш аз 3 ҳазор хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон иштирок карда, беш аз 400 адад авиатсияи ҷангӣ, техникаи зиреҳпӯш ва артиллерия сафарбар шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, тибқи фарзия (ҳодисаи)-и тамринҳо, дар машқгоҳҳои зикршуда намояндагони сохторҳои қудратӣ ва низомиёни Русия масъалаҳои маҳви гурӯҳҳои террористии байнулмилалии мусаллаҳи ба хоки Тоҷикистон воридшуда, раҳоии шаҳрвандон аз гарав, ҳимоя ва аз дасти террористон бозпас гирифтани иншооти стратегии ҳукумати Тоҷикистон, иншооти энергетика ва нақлиётро мавриди омӯзишу иҷрои онро дар амал месанҷанд.

Ҷараёни баргузории тамринҳоро ҳайати кишварҳои узви Маркази зиддитеррористии ИДМ – Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус, Ӯзбекистон ва ҳамчунин намояндагони мақомоти оинномавӣ ва ҳамкории соҳавии ИДМ назорат мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".