Медалҳои тиллои толибилмони тоҷик дар Олимпиадаи байнулмилалии Ҳиндустон

Дар Донишгоҳи Амитии шаҳри Ноидаи Ҳиндустон аз 21 то 27- ми майи соли равон 6-умин Олимпиадаи байналмилалӣ байни мактаббачагон аз фанҳои математика, физика, химия ва биология баргузор гардид. Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон, дар Олимпиада толибилмон зиёда аз 10 кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Озорбойҷон, Бангладеш, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Непал, Малдова, Руминия ва Лаос […]

Дар Донишгоҳи Амитии шаҳри Ноидаи Ҳиндустон аз 21 то 27- ми майи соли равон 6-умин Олимпиадаи байналмилалӣ байни мактаббачагон аз фанҳои математика, физика, химия ва биология баргузор гардид.

Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон, дар Олимпиада толибилмон зиёда аз 10 кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Озорбойҷон, Бангладеш, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Непал, Малдова, Руминия ва Лаос низ иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, бори аввал аст, ки Тоҷикистон дар ин олимпиадаи байналмилалӣ иштирок кард. Аз Тоҷикистон хонандаи Литсейи рақами 1 ш.Душанбе Абдувоҳидов Рустам ва  3 нафар аз Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба номи Ҳотам П.В.­ – Пиров Вазир, Икромов Умед ва Ҷураев Амир аз фанни математика иштирок намуда, ҳар чор нафари иштироккунандагон чойҳои аввалро ишғол намуда, соҳиби медалҳои тилло шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки маросими бошукӯҳи пӯшидашавии олимпиада, ки санаи 27 май  баргузор гардид Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.