Қотили зани тиллофурӯш ба 28 соли зиндон маҳкум шуд

Сокини 23-солаи ноҳияи Восеъ Хушвахт Олимов, ки ба қатли соҳибкорзани 52-солаи сокини пойтахт Гулнора Носирова гумонбар дониста мешуд, ба 28 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди шаҳрӣ дар ин робита иттилоъ доданд, мақомоти тафтишот муайян кардааст, ки қотил худаш мустақилона ҷиноят содир намуда, бо зани кушташуда ҳеҷ гоҳ шиносоӣ надоштааст. […]

Сокини 23-солаи ноҳияи Восеъ Хушвахт Олимов, ки ба қатли соҳибкорзани 52-солаи сокини пойтахт Гулнора Носирова гумонбар дониста мешуд, ба 28 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди шаҳрӣ дар ин робита иттилоъ доданд, мақомоти тафтишот муайян кардааст, ки қотил худаш мустақилона ҷиноят содир намуда, бо зани кушташуда ҳеҷ гоҳ шиносоӣ надоштааст. Дар мурофиаи додгоҳӣ Олимов ба ҷинояти содиркардааш иқрор шуд.

Гулнора Носироваи 52-сола рӯзи 2 март кушта шуда, ҷасади ӯро нимаи рӯз дар дохили автомашинааш назди оромгоҳи деҳаи Дурманбулоқи ҷамоати Лучоби ноҳияи Варзоб дарёфт карданд. Ин зан муддати тӯлонӣ ба савдои маснӯоти тиллоӣ машғул буда, дар шаҳри Ҳисор ва мааллаи 82-юми пойтахт якчанд мағоза доштааст.

Бо гузашти як рӯз ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини 23-солаи ноҳияи Восеъ, донишҷӯи яке аз макотиби олии пойтахт боздошт шуд.

Ду сол пеш духтари 18-солаи ин тилофурӯш низ ба таври бераҳмона дар манзили онҳо дар маҳаллаи "Гидроизол”-и Ҳисор кушта шуда буд. Қотилони ӯро то ҳол пайдо накардаанд.

Гуфта мешавад, Олимов аз зани кушташуда ба маблағи умумии 124 ҳазор сомонӣ чизҳояшро дуздида, то боздошт 4 навъ маснӯоти ороишӣ ба маблағи умумии 3 ҳазор сомониро фурӯхтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.