Сокини 23-солаи ноҳияи Восеъ Хушвахт Олимов, ки ба қатли соҳибкорзани 52-солаи сокини пойтахт Гулнора Носирова гумонбар дониста мешуд, ба 28 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди шаҳрӣ дар ин робита иттилоъ доданд, мақомоти тафтишот муайян кардааст, ки қотил худаш мустақилона ҷиноят содир намуда, бо зани кушташуда ҳеҷ гоҳ шиносоӣ надоштааст. Дар мурофиаи додгоҳӣ Олимов ба ҷинояти содиркардааш иқрор шуд.
Гулнора Носироваи 52-сола рӯзи 2 март кушта шуда, ҷасади ӯро нимаи рӯз дар дохили автомашинааш назди оромгоҳи деҳаи Дурманбулоқи ҷамоати Лучоби ноҳияи Варзоб дарёфт карданд. Ин зан муддати тӯлонӣ ба савдои маснӯоти тиллоӣ машғул буда, дар шаҳри Ҳисор ва мааллаи 82-юми пойтахт якчанд мағоза доштааст.
Бо гузашти як рӯз ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини 23-солаи ноҳияи Восеъ, донишҷӯи яке аз макотиби олии пойтахт боздошт шуд.
Ду сол пеш духтари 18-солаи ин тилофурӯш низ ба таври бераҳмона дар манзили онҳо дар маҳаллаи "Гидроизол”-и Ҳисор кушта шуда буд. Қотилони ӯро то ҳол пайдо накардаанд.
Гуфта мешавад, Олимов аз зани кушташуда ба маблағи умумии 124 ҳазор сомонӣ чизҳояшро дуздида, то боздошт 4 навъ маснӯоти ороишӣ ба маблағи умумии 3 ҳазор сомониро фурӯхтааст.


