Сокини Вахш ошиқи духтарашро дар симчӯб баста, лату кӯб ва ғорат кард

Date:

Сокини 46-солаи ноҳияи Вахш ба лату кӯб ва ғорати як ҷавоне гумонбар дониста мешавад, ки барои дидорбинӣ назди духтараш омадааст.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита менависад, ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Хуросон сабаби муносибати ошиқона доштанаш бо ҷавондухтари 22-солаи сокини ноҳияи Вахш, ба наздаш ба ин ноҳия рафтааст.

«Дар он ҷо падари ҷавондухтар, марди 46-сола аз муносибати онҳо воқиф шуда, бо ҳамроҳии ҳамдеҳааш, ҷавони 25-солаи сокини ҳамин ноҳия ӯро дар симчӯби саҳни ҳавлиашон баста, лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ 3 ҳазору 170-сомонӣ ва як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-5”, ҷамъ ба маблағи 4 ҳазору 670-сомониашро тасарруф намудаанд», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, гумонбаршудагон аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз ва тафтишоти ин ҳодиса давом дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...