Қаҳрамони Тоҷикистон, дастаи «Истиқлол»-и пойтахт ба сертификати ғолиби «Минтақаи марказӣ» дар даври гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 соҳиб шуд.
Бино ба маълумоти сомонаи даста, маросими супурдани мукофот ва тақдими нусхаи хурди Ҷоми КФО ба қаҳрамони Тоҷикистон дар машварати корӣ дар меҳмонхонаи JW Marriott Hotel Kuala Lumpur дар пойтахти Малайзия доир гардид.
Ба ҷуз дастаи «Истиқлол», директори генералии КФО Дато Виндзор ба дигар ғолибони гурӯҳҳои минтақавии Ҷоми КФО ва Лигаи чемпионҳо низ диплому ифтихорномаҳо тақдим кард. Имрӯз дар меҳмонхонаи JW Marriott Hotel Kuala Lumpur маросими қуръапартоии марҳилаи интернатсоналии минтақавии мусобиқа баргузор мешавад.
Қобили зикр аст, ки вохӯриҳои аввали ин марҳилаи мусобиқа – рӯзҳои 22-23 август ва бозиҳои ҷавобӣ – рӯзҳои 12-13 сентябр доир мегарданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




