Ҷангиёни ДИ истеҳкоми толибон – Тора – Бораро ишғол карданд

Date:

Ҷангиёни созмони террористии «Давлати исломӣ» (ДИ) ғорҳои Тора-Бора дар Афғонистонро ишғол намуданд. Дар ин бора Reuters бо истинод ба сохторҳои қудратии Афғонистон хабар медиҳад.

«Қаламрави атрофи ғорҳои Тора – Бора қаблан як истеҳкому такягоҳи ҳаракати «Толибон буд, ки акнун пас аз задухӯрдҳо онро ҷангиёни Давлати исломӣ ишғол карданд, – изҳор доштааст сардори пулиси маҳаллӣ Шоҳ Валӣ. – Барои онҳо як истеҳкоми нав лозим буд, ки ба он соҳиб шуданд».

Хабаргузории Лента.ру менависад, маълумот дар бораи тасарруфи ғорҳо аз ҷониби ҷангиёни Давлати исломиро фармондеҳи нерӯҳои ДИ дар Афғонистон Абӯ Умар Хуросонӣ низ тасдиқ карда, гуфтааст, ҷангиён ғорҳоро тасарруф намуда, айни замон бо нерӯҳои ҳукумат меҷанганд, ки онҳоро дастаи таъиноти махсуси ИМА ва нерӯҳои низомии ҳавоии ИМА дастгирӣ мекунанд.

«Мо ба Тора – Бора ворид шудем, вале ин ҳоло охири кор нест, – иброз доштааст номбурда. – Мо қаламравҳои навро аз дасти нерӯҳои ҳукумат ва толибон кашида гирифта, зери назорати худ медарорем».

Намояндаи расмии «Толибон» Забеҳулло Муҷоҳид ин маълумотро рад карда, изҳор доштааст, ки ҳарчанд ҷангиёни Давлати исломӣ якчанд деҳа дар канори минтақаро ишғол карда бошанд ҳам, ғорҳо ҳоло ҳам дар дасти толибонанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...