Президент бори дигар ба худдорӣ аз исрофкорӣ дар Иди Рамазон даъват кард

Дар маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон, ки имрӯз доир гардид, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро вазифадор намуд, ки барои ташкили хуби истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018, таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ва маводи сӯзишворӣ, риояи қатъии […]

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Дар маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон, ки имрӯз доир гардид, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро вазифадор намуд, ки барои ташкили хуби истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018, таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ва маводи сӯзишворӣ, риояи қатъии қоидаҳои зиддисӯхтор чораҳои мушаххас андешанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар арафаи Иди саиди Фитр ба кулли шахсони эҳтиёҷманд додани фитри рӯзаро ёдрас намуда, супориш дод, ки ба хотири мусоидати бештар баҳри беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мардум бояд дар вақти оростани дастархони идона ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.

Дар кори маҷлис т масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ ва Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати ҶТ тасдиқ гардид.

Ҳисоботи раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ  “Дар бораи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҶТ барои солҳои 2014-2017” шунида шуд.

Таъкид гардид, ки барномаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани сифат ва самаранокии фаъолияти мақомоти идоракунии давлатӣ тавассути ташкил намудани системаҳои иттилоотӣ ва таъмини рушди он, аз ҷумла ташкили мубодилаи байниидоравии иттилоот дар мақомоти давлатӣ қабул карда шудааст.

Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд раиси ноҳияи Зафаробод гузориш дод. Зикр карда шуд, ки дар нақшаи генералии мазкур рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳраки Зафаробод бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ то соли 2035 барои 90 ҳазор нафар таҳия шудааст.

Аъзои ҳукумат лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла қонун “Дар бораи вазъи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҶТ”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”, “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни ҶТ “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он” – ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ирсол намуданд.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ҳамчунин пешниҳоди 5 хулосаи Ҳукумати ҶТ, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи Қонуни ҶТн “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании ҶТ” ирсол карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.