Шоҳмотбози тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон қувваозмоӣ мекунад

Date:

Дар мусобиқаи минтақавии Чемпионати кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, шоҳмотбози тоҷик Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев зинаи дуюмро ишғол намуд.

Ӯ бо касби 6,5 имтиёз аз 9 холи имконпазир (4 ғалаба ва 5 мусовӣ) барои иштирок дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба шоҳмот, ки аз 2 то 28 сентябр дар шаҳри Тифлис (Гурҷистон) доир мегардад, ҳуқуқ пайдо кард.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи финалии Ҷоми ҷаҳон бори охир 9 сол пеш гроссмейстер Фаррух Амонатов Тоҷикистонро намояндагӣ карда буд.

Дар рейтинги ФИДЕ айни замон Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев миёни шоҳмотбозони тоҷик мақоми дуюмро ишғол намуда, зина ба зина ба дарёфти унвони гроссмейстери байнулмилалӣ наздик мешавад.

Дар мусобиқаи шоҳмоти Тошканд миёни мардон 32 нафар шоҳмотбозони варзида аз Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат варзида, намояндагони дастаи мизбон ба Ҷоми ҷаҳон соҳиб шуданд. Дар ҳисоби умумидаставӣ Қазоқистон зинаи дуюм ва Тоҷикистон – мақоми сеюмро ишғол карданд.

Миёни мардон зинаи аввалро – Ҷаҳонгир Воҳидов аз Ӯзбекистон ва медали биринҷиро Петр Костенко аз Қазоқистон соҳиб шуд. Дар мусобиқа байни занон Динора Садуаккасова аз Қазоқистон ғалаба карда, намояндаи Тоҷикистон мутриба Ҳотамӣ зинаи 14-умро ишғол кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...