Вазорати амнияти дохилии ИМА рӯзи чаҳоршанбе аз ҷорӣ шудани чораҳои иловагии амниятӣ, монанди тафтиши мусофирон дар ҳамаи парвозҳои тиҷоратӣ хабар дод.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Вазорат ҷузъиёти навовариро ошкор намекунад ва огоҳсозии ҷомеаро бар дӯши ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳҳо гузоштааст.
Аммо дар умум, чораҳои иловагӣ тафтиши ҳамаҷонибаи компютерҳо ва телефонҳои ҳамроҳ, ташдиди чораҳои амниятӣ дар толорҳои мусофирон ва таваққуфгоҳи тобистонаи ҳавопаймоҳоро дар бар мегирад. Навоварӣ ба 280 фурудгоҳи 150 кишварро, ки ҳамарӯза ба ИМА дар маҷмуъ 2100 ҳавопаймо ва 325 ҳазор мусофир мефиристанд, дахл хоҳад дошт. Харҷи асосии ин навоварӣ аз буҷаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ рӯёнида мешавад. Онҳое, ки чораҳои иловагиро риоя намекунанд, ҷарима ва аз ҳаққи парвоз ба ИМА маҳрум мешаванд.
Сар аз моҳи март мусофирони даҳ фурудгоҳи кишварҳои мусалмоннишин, ки ба Амрико парвоз мекунанд, аз ҳаққи ба ҳавопаймо ворид кардани дастгоҳҳои электронии калонтар аз ҳаҷми телефони мобилӣ маҳрум шудаанд.


