Даъвати иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

Date:

Бо қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум рӯзи 24 июл дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ даъват карда шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар рӯзномаи иҷлосия баррасии масъалаҳои ҷараёни татбиқи барномаҳо, нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи маориф ва навгониҳо дар ин самт ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар иҷлосия аз ҷараёни рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2017 натиҷагирӣ шуда, вазифаҳо барои нимсолаи дуюм муайян карда мешаванд.

Аз вакилони Маҷлис хоҳиш карда шудааст, ки то санаи баргузории иҷлосия дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия пешниҳодҳои мушаххасро манзур намоянд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...