Дастури президент бобати ҷудо кардани 3 млн. сомонӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷудо кардани 3 млн. сомонӣ барои ташкили истироҳати  кӯдакону наврасон дар лагерҳо қарор ба имзо расонид. Дар қарор ба раисони ҳокимиятҳои маҳаллии давлатӣ дастур дода шудааст, ки корҳои сохтмону таъмири таҷҳизоти бино, майдонҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, кабудизоркунии лагерҳоро дар муҳлати муқарраршудаба итмом расонанд. Гуфта мешавад, ба кушодани ҳама гуна […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷудо кардани 3 млн. сомонӣ барои ташкили истироҳати  кӯдакону наврасон дар лагерҳо қарор ба имзо расонид.

Дар қарор ба раисони ҳокимиятҳои маҳаллии давлатӣ дастур дода шудааст, ки корҳои сохтмону таъмири таҷҳизоти бино, майдонҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, кабудизоркунии лагерҳоро дар муҳлати муқарраршудаба итмом расонанд.

Гуфта мешавад, ба кушодани ҳама гуна навъи лагерҳо танҳо дар асоси хулосаи мақомоти давлатии назорати санитарӣ-эпидемиологӣ иҷозат дода мешавад.

Бо роҳхатҳо ба лагерҳо дар навбати аввал бояд кӯдакони ятиму бесаробонмонда, кӯдакону наврасон аз оилаҳои камбизоат ва кӯдакони лаёқатманд таъмин карда шаванд.

Вазорати маорифи кишвар ба раҳбарии методӣ, андешидани тадбирҳо ҷиҳати пурсамар гузаронидани чорабиниҳои таълимӣ ва тарбиявӣ ва таъмини лагерҳо бо кадрҳои педагогӣ вазифадор гардидааст.

Ба Вазорати тандурустӣ дастур дода шудааст, ки оид ба таъмини лагерҳо бо кадрҳои зарурии тиббӣ, таъмини назорати вазъи санитарӣ дар давоми таътил тадбирҳо андешад.

Таъмини амнияти кӯдакону наврасон дар лагерҳо, ҳамчунин бехатарии равуои онҳо ба макони истироҳат ба дӯши Вазорати корҳои дохилӣ вогузор шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст