Чораҳои фаврӣ ҷиҳати пайвасти пурраи манзилҳои пойтахт ба шабакаҳои гармидиҳӣ

Date:

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар иҷлосия ҷараёни татбиқи барномаҳо, нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи маориф ва навгониҳо дар ин самт баррасӣ шуда, аз рушди пойтахт дар нимсолаи аввали соли равон натиҷагирӣ шуд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ назди роҳбарони сохторҳои дахлдори пойтахт доир ба тоза кардани партовҳои маишӣ, саривақт безарар гардондан ва кашондани онҳо, роҳандозии корҳои амалӣ ҷиҳати ба талаботи муосир мутобиқ намудани низоми равшандиҳии шаҳр вазифаҳои мушаххас гузошт.

Ба сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии сӯхторҳо дар бозорҳо ва марказҳои савдо чораҷӯӣ намоянд.

Сарраёсати маориф вазифадор гардид, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр барои пешгирӣ ва кам кардани шумораи ноболиғони оворагард, талбандагон ва ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ бо саркардагони муноқишаҳо миёни хонандагони муассисаҳо чораҷӯи намуда, то охири сол ба Раиси шаҳр  ахбор манзур намояд.

Сохторҳои масъул ва раисони ноҳияҳои шаҳр вазифадор шуданд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҷиҳати бо пуррагӣ пайваст шудани ҳамаи биноҳои истиқоматӣ ба шабакаҳои гармидиҳӣ чораҳои фаврӣ андешида, то мавсими зимистонгузаронӣ ба раиси шаҳр ҳисобот пешниҳод намоянд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...