Сабти 230 ҷинояти тамоили террористӣ ва ифротгароӣ дар Суғд

Date:

Тӯли 6 моҳи соли равон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 230 ҷинояти дорои тамоили террористӣ ва ифротгароӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 330 чунин ҷиноят) ба қайд гирифта шудааст.

Прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин давра нисбати 248 нафар сокинони вилоят 178 парвандаи ҷиноии марбут ба чунин ҷиноятҳо мавриди тафтиш қарор гирифта, 67 парвандаи ҷиноӣ нисбати 97 нафар ҷиҳати баррасӣ ба суд ирсол шудааст.

Ҳабибулло Воҳидов ҳамчунин зикр кард, ки дар муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ 715 нафар сокинони вилоят таҳсили илм карда, имрӯз аз ин шумор ҳамагӣ 52 нафар боқӣ мондаанд, ки ба таҳсилашон идома медиҳанд.

«Як сокини вилоят аз ноҳияи Ашт, ки дар амалиёти ҷангӣ дар дигар кишварҳо иштирок дошт, ба ватан баргардонида шуд, – иброз дошт прокурор. – Соли гузашта 5 нафар баргардонида шуда буданд».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...