Шумори довталабони курсии президентӣ дар Қирғизистон аз 50 нафар гузашт

Ба ҳолати санаи 30 июл аллакай 51 нафар изҳор доштаанд, ки дар маъракаи интихоботи президенти Қирғизистон нияти иштирок краданро доранд. Дар ин бора Аззатик хабар медиҳад. Маъракаи интихоботи президенти Қирғизистон санаи 15 октябр доир мегардад. Хоҳишмандони довталабӣ кардан ба ин курсӣ то 1 август дархостҳои худро пешниҳод карда метавонанд. Рӯйхати ниҳоии номзадҳоро Комиссияи марказии интихобот […]

Asia-Plus

Ба ҳолати санаи 30 июл аллакай 51 нафар изҳор доштаанд, ки дар маъракаи интихоботи президенти Қирғизистон нияти иштирок краданро доранд. Дар ин бора Аззатик хабар медиҳад.

Маъракаи интихоботи президенти Қирғизистон санаи 15 октябр доир мегардад. Хоҳишмандони довталабӣ кардан ба ин курсӣ то 1 август дархостҳои худро пешниҳод карда метавонанд. Рӯйхати ниҳоии номзадҳоро Комиссияи марказии интихобот 10 сентябр мунташир мекунад.

Президенти ҳозираи Қирғизистон Алмазбек Атамбоев ин мансабро тарк мекунад, зеро мувофиқи конститутсия президенти Қирғизистон танҳо барои як муҳлати интихоб мешавад.

Ислоҳоти конститутсионӣ ваколатҳои нахуствазири Қирғизистонро тақвият бахшида, ваколатҳои президентро маҳдуд кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.