Собиқ муовини роҳбари Агентии зиддифасод маҳкум шуд, боқимонда интизоранд

Суди олии Тоҷикистон собиқ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Давлатбек Хайрзодаро рӯзи 28 июл ба иттиҳоми порагирӣ ба 10,6 соли зиндон маҳкум кард. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Суди олии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, худи ҳамон рӯз Фаридун Беназирзода, собиқ муовин сардори Раёсати гумруки вилояти Суғд, ки қаблан дар Агентии зиддифасод […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Суди олии Тоҷикистон собиқ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Давлатбек Хайрзодаро рӯзи 28 июл ба иттиҳоми порагирӣ ба 10,6 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Суди олии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, худи ҳамон рӯз Фаридун Беназирзода, собиқ муовин сардори Раёсати гумруки вилояти Суғд, ки қаблан дар Агентии зиддифасод кор мекард, низ барои ришваситонӣ ба 10,6 соли зиндон маҳкум шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки мурофиа нисбати собиқ кормандони Агентии зиддифасод идома дошта, ҳукмҳо нисбати боқимонда иштирокчиёни парвандаи мазкур ҳамин ҳафта содир мешавад.

Аз рӯи ин парванда айни замон боз 12 нафари дигар назди суд ҷавоб мегӯянд, ки 9 нафарашон собиқ кормандони Агентии зиддифасод ва 3 нафар аз сохторҳои дигаранд ва вобаста ба ин парванда айбдор карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки мурофиаи додгоҳии собиқ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки рӯзи 19 июл дар Суди олӣ оғоз гардид, пушти дарҳои пӯшида мегузарад.

Қобили зикр аст, ки охири моҳи апрел як гурӯҳи калони кормандони Агентии зиддифасоди Тоҷикистон аз кор озод ва баъдан чанде аз сабукдӯшшудагон ба ҳабс гирифта шуданд.

Нахуст Фирӯз Холмуродзода, собиқ роҳбари Раёсати тафтишоти Агентии зиддифасод ва сипас собиқ муовини ӯ – Фахриддин Бозоров, собиқ муфатттиши ҳамин раёсат Фирдавс Ниёзбадалов (домоди собиқ котиби Шӯрои амният генерал Амирқул Азимов), муовини раиси Раёсати зиддифасод дар вилояти Хатлон Сафаралӣ Ҳомидзода ва роҳбари шуъбаи тафтишоти Агентӣ дар шаҳри Душанбе Амиршо Султонзода ба ҳабс гирифта шуданд.

Санаи 25 апрел собиқ муовини директори Агентӣ Давлатбек Хайрзода дар Хуҷанд боздошт шуд. Моҳи январи соли равон ӯ ба нафақа фиристода шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.