Писари Гулнора Каримова: баёнияҳо зидди модарам муболиғаанд

Набераи калонии президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов мегӯяд, парвандаи ҷиноие, ки Додситонии кулли ин кишвар зидди модараш — Гулнора Каримова боз кард, сохта аст. Ин нуктаро ӯ 1 август дар суҳбат бо Бахши ӯзбекии Би-би-сӣ баён доштааст. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, идораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва терроризми Додситонии кулли Ӯзбекистон […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Набераи калонии президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов мегӯяд, парвандаи ҷиноие, ки Додситонии кулли ин кишвар зидди модараш — Гулнора Каримова боз кард, сохта аст. Ин нуктаро ӯ 1 август дар суҳбат бо Бахши ӯзбекии Би-би-сӣ баён доштааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, идораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва терроризми Додситонии кулли Ӯзбекистон 28 июл гуфт, зидди Гулнора Каримова, ки соли 2015 бо қарори додгоҳи шаҳри Тошканд 5 сол озодияш маҳдуд шудааст, бар пояи 6 банди кодекси ҷиноии ин кишвар парванда боз кард. Каримова дар ҳоли ҳозир ба ҳабс гирифта шудааст.

Вале ба гуфтаи писари Гулнора Каримова, "ҳамаи баёнияҳои зидди модараш муболиға буда, бештари даъвоҳо сохтаанд".

Набераи президенти пешини Ӯзбекистон мегӯяд, дороиҳое, ки ҳоло дар ҳаҷми 2 миллиард доллар ба модараш рабт дода мешаванд, дар асл ба ӯ тааллуқ надоранд. Ба гуфтаи ӯ, бештари мансабдорони баландпояи Ӯзбекистон, ки ҳанӯз ҳам дар вазифаанд, дороиҳои зиёд доранд.

Ислом Каримови хурдӣ 1 август санади додгоҳиеро аз 3 июл дастрас кардааст, ки хабар медиҳад, Гулнора Каримова ба зиндон интиқол дода шудааст. Би-би-сӣ мегӯяд, имкони санҷиши воқеӣ будани санад вуҷуд надорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.