Рейдҳои зидди ҳиҷоб. Ҷарима ё корҳои фаҳмондадиҳӣ?

Date:

Дар макони серодами шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар бозорҳо нисбат ба аз ҷониби занон ба бар намудани ҳиҷобу сатр, ки ба расму оинҳои миллии Тоҷикистон бегона эълон шудааст, «рейдҳо» доир гардида, кормандони мақомоти давлатӣ дар мавриди ин масъала миёни занон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» фурӯшандазанони бозори Шоҳмансур дар ин робита хабар доданд, ин корҳои фаҳмондадиҳӣ набуда, онҳоро ҳушдор додаанд, ки агар аз пӯшидани ҳиҷоб даст накашанду онро аз пушти сар набанданд, то 1 ҳазор сомонӣ ҷарима мешаванд.

«Касоне, ки баҳс кардан намехостанд, хомӯшона рӯймолашонро аз пушти сар баста, гарданашонро урён карданд, вале ба касоне, ки норозӣ буданд, бо ҷаримаи зиёд таҳдид карданд. Як ҳафта пеш ба мо гуфта буданд, ки барои пӯшидани ҳиҷоб ҷарима 100 сомонӣ аст, ҳозир бошад, аллакай 1 ҳазор сомонӣ мегӯянд», – ҳикоят кард ба «Азия-Плюс» яке аз занони фурӯшандаи бозор.

Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ чунин амали гурӯҳҳои кориеро, ки дар ҷойҳои серодам, аз ҷумла бозору марказҳои савдо миёни занон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд, рад карданд ва тавсия доданд, ки аз ному насаби шахсони расмие, ки ба ин амалҳо даст мезананд, ба Кумита хабар диҳанд.

Ҳамчунин дар Кумитаи мазкур изҳор доштанд, ки барои ба бар намудани ҳиҷоб ҳеҷ гуна ҷаримае пешбинӣ нашудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...