ВАО: Гулнора Каримова дар боздоштгоҳи Хадамоти амнияти миллӣ қарор дорад

Духтари калонии собиқ президенти Ӯзбекистон Гулнора Каримова дар VIP-ҳуҷраи тавқифгоҳи тафтишотӣ (СИЗО)-и Хадамоти амнияти миллӣ Ӯзбекистон қарор дорад. Дар ин бора ВАО хабар медиҳанд. Сардабири «Фергана» Даниил Кислов дар Facebook изҳор доштааст, ки Гулнора Каримова дар ошёнаи сеюми тавқифгоҳи тафтишотии Хадамоти амнияти миллӣ, дар бино барои VIP-шахсон қарор дорад, менависад Вести.UZ. Нашрия зикр мекунад, ки […]

Asia-Plus

Духтари калонии собиқ президенти Ӯзбекистон Гулнора Каримова дар VIP-ҳуҷраи тавқифгоҳи тафтишотӣ (СИЗО)-и Хадамоти амнияти миллӣ Ӯзбекистон қарор дорад. Дар ин бора ВАО хабар медиҳанд.

Сардабири «Фергана» Даниил Кислов дар Facebook изҳор доштааст, ки Гулнора Каримова дар ошёнаи сеюми тавқифгоҳи тафтишотии Хадамоти амнияти миллӣ, дар бино барои VIP-шахсон қарор дорад, менависад Вести.UZ.

Нашрия зикр мекунад, ки дар доираи парвандаи ҷиноии дуюм Каримова ба қаллобӣ, рӯйпӯш кардани асъори хориҷӣ, қонуншиканиҳои гумрукӣ, риоя накардани қоидаҳои савдо ё хизматрасонӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада айбдор карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ТАСС хабар медиҳад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон далели ба ҳабс гирифтани Гулнора Каримоваро тасдиқ намуда, вале аз ифшои маълумот доир ба ммкони будубоши ӯ худдорӣ мекунанд.

Аз ҷумла, рӯзи чоршанбе дар посух ба саволи хабарнигори ТАСС дар Прокуратураи генералӣ бори дигар изҳор намудаанд, ки «дар чораи ба ҳабс гирифтан ҳабси хонагӣ пешбинӣ намешавад».

Дар ин ниҳод шарҳ надодаанд, ки кай ва аз ҷониби кадом суд нисбати Каримова қарори чораи ба ҳабс гирифтан қабул шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.