Баррасии масоили таҳияи Барномаи дастгирии ҷамоатҳо дар доираи лоиҳаи CASA-1000

Дар Вазорати молияи Тоҷикистон вохӯрии муовини аввали вазири молияи кишвар Ҷамшед Каримзода бо намоянлагони Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии намояндаи доимии Бонк дар Душанбе Ян-Петер Олтерс доир гардид. Котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳадафи аслӣ аз ин мулоқотро баррасии масоили таҳияи Барномаи дастгирии ҷамоатҳо дар чаҳорчӯби Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва […]

Asia-Plus

Дар Вазорати молияи Тоҷикистон вохӯрии муовини аввали вазири молияи кишвар Ҷамшед Каримзода бо намоянлагони Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии намояндаи доимии Бонк дар Душанбе Ян-Петер Олтерс доир гардид.

Котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳадафи аслӣ аз ин мулоқотро баррасии масоили таҳияи Барномаи дастгирии ҷамоатҳо дар чаҳорчӯби Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) унвон кардааст.

«Ба масъалаҳои марбут ба маблағгузорӣ ва амалисозии Брномаи дастгирии ҷамоатҳо, аз ҷумла механизми ҷараёни хароҷоти воситаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд», – хабар медиҳад котиботи Вазорати молия.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо муҳимияти амалисозии Барномаро барои афзоиши дастрасӣ ба хизматгузорӣ дар бахшҳои энергетика, обтаъминкунӣ, бунёди зербинои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ҳамчунин таҳкими имконоти худидоракунии маҳаллии ҷамоатҳо дар минтақаи фарогир таъкид карданд.

«Бо натиҷаирӣ аз мулоқот Ҷамшед Каримзода ба дурнамои рушди ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи CASA-1000 ва ҳамчунин дар чаҳорчӯби ҳамаи сандуқи сармоягузории Бонки мазкур итминон изҳор намуд», – омадааст дар маълумот.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.