Мирзиёев додситонҳои давраи президенти пешинро «партов» номид

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар як ҷаласаи видеоияш аз кори додситонҳо ва мақомоти додситонӣ дар Ӯзбекистон интиқод кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ додситонҳоро "дуздҳои аз ҳама калон" номида, гуфт, агар корҳои ноодилона идома ёбанд, онҳоеро ҳам барканор хоҳад, ки баъди "поккориҳо"-и ахир дар мақомоти додситонии Ӯзбекистон мондаанд. "Додситонҳоро хеле бад […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар як ҷаласаи видеоияш аз кори додситонҳо ва мақомоти додситонӣ дар Ӯзбекистон интиқод кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ додситонҳоро "дуздҳои аз ҳама калон" номида, гуфт, агар корҳои ноодилона идома ёбанд, онҳоеро ҳам барканор хоҳад, ки баъди "поккориҳо"-и ахир дар мақомоти додситонии Ӯзбекистон мондаанд.

"Додситонҳоро хеле бад мебинам ва сабабашро ҳам хоҳам гуфт. Ман худам раиси ноҳия будам ва медонам, ки ин бевиҷдонҳо чӣ гуна муносибат доранд. Вақте ба мақоми додситонӣ мерасанд, ҳатто роҳгардияшон иваз мешавад ва дигар касеро ба назар намегиранд. Ҳамаи инҳоро хуб медонам", – изҳор дошт вай дар ҷаласа.

Шавкат Мирзиёев кормандони мақомоти додситонии давраи президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримовро "партов" номида, гуфт, дар ҳар сурат маъмурони ин соҳаро то охирин нафар иваз хоҳад кард.

"Додситони кулли нав таъйин кардем. 80%-и кормандонро тағйир дода, мақомоти додситониро аз партовҳо пок кардем. Вале ҳанӯз ҳам 15-20%-и кормандони низоми пешини ғоратгар мондаанд. Аз ҷумла, Ҷамшед Файзиев, додситони вилояти Тошканд. Ӯ ҳам одами ҳамон низом аст. Додситониро пурра аз ин гуна ашхос пок хоҳем кард. Ё додситон хуб кор мекунад ё мо додситониро аз байн мебарем. Додситонҳо сабаби бадбахтии мардум шудаанд. Агар одилона кор накунанд, ҳамаашон ронда хоҳанд шуд", – афзуд ӯ.

Президенти Ӯзбекистон ба қасру хонаҳои боҳашамат ва мошинҳои гаронарзиши додситонҳо ишора карда, гуфт, бархеи онҳо ҳатто номи худро дуруст навишта наметавонанд.

"Додситон замоне зиндагии хуб хоҳад дошт, ки мардум хуб зиндагӣ кунанд. Ба мошину қасру хонаҳои онҳо назар кунед. Магар онҳо реактори ҳастаӣ ихтироъ кардаанд? Бархеашон ҳатто номи худро дуруст навишта наметавонанд. Онҳо бо зурию тағобозӣ додситон шудаанд. Ман онҳоро барои он нағз намебинам, ки кор намекунанд. Ҳоло бо шахсоне кор пеш бурда истодаем, ки ба иҷрои одилонаи вазифаи худ талош мекунанд", – қайд кардааст Мирзиёев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.