Тоҷикистонро боз тӯфони чангу ғубор фаро мегирад

Обуҳавошиносон пешгӯӣ мекунанд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ болоравии  суръати шамол дар назар буда, дар натиҷа фазои кишваррро тӯфони чангу ғубор фаро мегирад, ки муддати 2 рӯз идома ёфта, аллакай охири ҳафта борони кӯтоҳмуддат аз эҳтимол дур нест. Дар Агентии гидрометеорологии ҷумҳурӣ қайд мекунанд, ки чангу ғубор асосан дар минтақаҳои ҷануб ва марказии кишвар ба мушоҳида […]

Asia-Plus

Обуҳавошиносон пешгӯӣ мекунанд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ болоравии  суръати шамол дар назар буда, дар натиҷа фазои кишваррро тӯфони чангу ғубор фаро мегирад, ки муддати 2 рӯз идома ёфта, аллакай охири ҳафта борони кӯтоҳмуддат аз эҳтимол дур нест.

Дар Агентии гидрометеорологии ҷумҳурӣ қайд мекунанд, ки чангу ғубор асосан дар минтақаҳои ҷануб ва марказии кишвар ба мушоҳида расида, ҳарорати ҳаво 1-2 дараҷа поин мефарояд.

«Агентии обуҳавошиносӣ аз сокинону меҳмонони кишвар, ки бемориҳои дилу раг ва роҳҳои нафаскашӣ доранд, ҳамчунин аз кӯдакон дархост мекунад, ки аз 11 то 13 август мувофиқи имкон манзилро тарк накарда, тадбирҳои зарурии эҳтиётӣ биандешанд», – тавсия медиҳанд обуҳавошиносон.

Қобили зикр аст, ки расо як моҳ пеш, аз 11 то 13 июл низ дар Тоҷикистон чунин вазъи обуҳаво ба мушоҳида расида буд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.