Пешгирии кӯшиши ба Русия бурдани тангаи истеҳсоли замони Екатеринаи II

Дар бағочи мусофири хатсайри ҳавоии Хуҷанд – Маскав 6 адад тангаҳои мисии замони Русияи подшоҳӣ, ки дар эъломия зикр нагардида буданд, дарёфт шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, дар бағочи сокини 23-солаи шаҳри Конибодом А.Х. дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд кормандони гумрук як тангаи панҷтинаи замони подшоҳии Екатерина II, истеҳсоли соли […]

Дар бағочи мусофири хатсайри ҳавоии Хуҷанд – Маскав 6 адад тангаҳои мисии замони Русияи подшоҳӣ, ки дар эъломия зикр нагардида буданд, дарёфт шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, дар бағочи сокини 23-солаи шаҳри Конибодом А.Х. дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд кормандони гумрук як тангаи панҷтинаи замони подшоҳии Екатерина II, истеҳсоли соли 1767 ва 4 тангаҳои мисии истеҳсоли солҳои 1738, 1744, 1751 ва 1753-ум, ҳамчунин тангаи 1-тинии истеҳсоли соли 1879-ро дарёфт кардаанд.

Ӯ тангаҳоро дар бағочи худ бидуни зикр дар эъломия ба хориҷи кишвар бароварданӣ шуда, зимни муоинаи гумрукӣ дар хатсайри Хуҷанд – Маскав боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, мувофиқи хулосаи экспертизаи таърихии фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳамаи 6 адад сиккаҳои фулузии гуногунандозаи мисранг, дорои арзиши нумизматикӣ ва осорхонавӣ буда, ба категорияи арзишҳои таърихию фарҳангӣ дохил мешаванд.

Зикр мегардад, ки нисбат ба шаҳрванд А. Х. бо моддаҳои 32, қ. 3 ва 289 қ. 3-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон мурофиаи судӣ нисбати шаҳрванди Русия Татяна Хужина ҷараён дорад, ки ӯ низ ба қочоқи тангаи 2-тинаи замони Русияи подшоҳӣ гумонбар дониста мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.