Дастури суди Петербург ба қатъи ҷустуҷӯи гунаҳкорони марги Умаралӣ Назаров

Суди шаҳри Санкт-Петербурги Русия рад кардани оғози парвандаи ҷиноиро оид ба аз шаҳрванди Тоҷикистон Заррина Юнусова гирифтани тифли 5-моҳааш Умаралӣ Назаров, ки баъдан дар маркази махсуси тиббӣ ҳалок шуд, қонунӣ эътироф кард. Нашрияи «Коммерсант» дар ин робита менависад, модари тифл қаблан барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷират аз Русия ихроҷ шуда буд, вале адвокатҳои ӯ ба […]

Asia-Plus

Суди шаҳри Санкт-Петербурги Русия рад кардани оғози парвандаи ҷиноиро оид ба аз шаҳрванди Тоҷикистон Заррина Юнусова гирифтани тифли 5-моҳааш Умаралӣ Назаров, ки баъдан дар маркази махсуси тиббӣ ҳалок шуд, қонунӣ эътироф кард.

Нашрияи «Коммерсант» дар ин робита менависад, модари тифл қаблан барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷират аз Русия ихроҷ шуда буд, вале адвокатҳои ӯ ба он исрор меварзанд, ки аз модар ҷудо кардани кӯдак ғайриқонунӣ сурат гирифтааст. Намояндагони оилаи ҷабрдида ба Суди ҳуқуқи башари Аврупо шикоят бурданианд.

Охири моҳи октябри соли гузашта дар робита ба ин ҳодиса котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ изҳор намуда буд, ки дар ВКД Тоҷикистон аз рӯи парвандаи Умаралӣ Назаров ҳеҷ тафтишоте сурат нагирифтаааст, зеро «ин ҳодисаи нохуш дар Русия рух дода, парвандаи ҷиноӣ ҳам дар ҳамон ҷо боз шуд ва аз рӯи як далел ду парвандаи ҷиноӣ боз намешавад».

Ёдрас мекунем, ки кӯдаки 5-моҳаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон Заррина Юнусова ва Рустам Назаров – Умаралӣ Назарови 5-моҳа ҳангоми рейди кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират дар шаҳри Санкт-Петербург субҳи рӯзи 13 октябри соли 2015 аз модараш гирифта шуда, баъди чанд соат аз ҷониби кормандони пулис ба бемористони кӯдаконаи ба номи Симбалин фиристода шуд ва нимашаби ҳамон рӯз дар ин бемористон фавтид. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Дар ҷараёни санҷиши хидматӣ ВКД ба хулоса расид, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин ҳолат аз рӯи қонун амал кардаанд, вале дигар ниҳодҳо мақомоти пулисро дар ин ҳодиса гунаҳкор донистанд.

Ғайр аз ин, нахуствазири Русия ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ваъда дода буд, ки ҳодисаи марги кӯдаки тоҷик дақиқан мавриди тафтиш қарор дода хоҳад шуд.

Нашрияи «Новая газета хабар дода буд, ки суди Невскии шаҳри Санкт-Петербург беамалии мақомоти тафтишот дар ҷараёни таҳқиқи марги тифли панҷмоҳа аз Тоҷикистон Умаралӣ Назаровро ғайриқонунӣ эътироф кард.

Қобили зикр аст, ки сокинони шаҳри Санкт-Петербург дар майдони Марсово гирдиҳам омада маросими ёдбуди марги тифли тоҷик Умаралӣ Назаровро баргузор намуданд. Дар ин ҳамоиш 30 нафар ширкат варзида, ба хотири тифл бо номи «Умаралӣ»шамъ фурӯзон карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.