Ифтитоҳи бинои маъмурии шуъбаи Раёсати КДАМ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар деҳоти Шӯрообод Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои маъмурии шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Дар маҳаллаи Ҷавонони ҷамоати деҳоти Шӯрообод Сарвари давлат […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар деҳоти Шӯрообод Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои маъмурии шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Дар маҳаллаи Ҷавонони ҷамоати деҳоти Шӯрообод Сарвари давлат ба фаъолияти Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот оғози расмӣ бахшид. Корхонаи мазкур имкон дорад дар як шабонарӯз 1 тоннаву 500 килограмм маҳсулоти боғдоронро коркард ва басту банд намояд.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони варзишгоҳ барои 6000 ҷойи нишаст дар ин ноҳия санги асос гузошта, зимни муаррифии лоиҳаи варзишгоҳ иттилоъ дода шуд, ки масоҳати қитъаи замини барои сохтмони варзишгоҳ пешбинигардида 4,00 гектар буда, аз чор минбари мунаққаш иборат мебошад.

Дар маҳаллаи Синои ноҳия бо иштироки Президенти мамлакат як меҳмонхонаи замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.  Меҳмонхона аз 15 ҳуҷраи як ва дунафара, ошхона, ҳуҷраҳо барои ҳайати кормандон, ҳуҷраи нигоҳдории асбобҳои мусиқӣ, ҳуҷраи нигоҳдории таҷҳизот ва даҳлез иборат буда, масоҳати умумии бино 6 440 метри квадратиро ташкил медиҳад.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Навободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба фаъолияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 расман оғоз бахшид. Мактаби мазкур барои 760 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои шароити муосири дарсомӯзист.

Сипас Сарвари давлат аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дидан карда, бо фаъолияти кишоварзон аз наздик шинос шуд. Ҳамзамон занони ҳунарманди ноҳия низ дар ин рӯз маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд, ки аз анвои гуногуни маҳсулоти нонӣ иборат буд.

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин зимни ба истифода додани мактаби №1, қитъаи роҳи мошингарди Шӯрообод – Шоҳон ва оғози азнавсозии қитъаҳои Кӯлоб–Шӯрообод ва Шкев – Қалъаихумб Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва сокинони ноҳияро би муносибат самимона табрик гуфт.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.