Роҳхати «Истиқлол» ба даври баъдии Ҷоми КФО аз рӯи натиҷаи ду бозӣ

Date:

Бозии ҷавобии даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё, КФО)-2017 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва тими «Серес Негрос»-и Филиппин, ки рӯзи 12-уми сентябр дар варзишгоҳи «Панаад Парк стедиум»-и шаҳри Баколоди ин кишвар доир гардид, мусовӣ – 1 бар 1 анҷом ёфт.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, голҳоро дар дақиқаи 34-ум бозигари мизбонон Ҳеррера боз карда, голи ҷавобиро легионери русиягии “Истиқлол” Дмитрий Барков дар дақиқаи 45+2 ба ҳадаф расонид.

Ёдрас мекунем, ки дар бозии аввали ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор футболбозони «Истиқлол» дастаи Филиппинро бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 шикаст дода буданд.

Ҳамин тариқ дастаи Тоҷикистон ба даври дигари ин мусобиқа роҳ ёфта, дар бозии финалии байниминтақавӣ бо ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) қувваозмоӣ хоҳад кард. Бозиҳои финалии байниминтақавӣ 27 сентябр ва 18 октябр доир мегарданд.

Дар бозиҳои финалии минтақаи Ғарб тимҳои «Ал-Ваҳда»-и Сурия ва «Эйр-Форс»-и Ироқ бо ҳам рақобат мекунанд. Вохӯриҳо рӯзҳои 12 ва 26 сентябр баргузор мешаванд.

Вохӯрии финалии Ҷоми КФО-2017 санаи 4 ноябр барпо мешавад. Дар сурати ба бозии финалӣ роҳ ёфтани «Истиқлол», вохӯрии ҳалкунанда дар Тоҷикистон доир мегардад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...