Дар Варзишгоҳи олимпии пойтахти Турманистон – шаҳри Ашқобод шоми рӯзи 27 сентябр маросими анҷоми Бозиҳои V Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ доир гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар ин мусобиқаҳо Тоҷикистон бо касби 51 медал – 3 тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ дар ҷадвали ҳисоби медалҳо аз рӯи сифат миёни 65 дастаи иштирокчӣ ҷои 17-ум ва аз рӯи шумораи медалҳо зинаи 8-умро ишғол кард.
Гуфта мешавад, Туркманистон бо 245 медал, аз ҷумла 89 тилло ҷои аввалро ишғол кард. Чин, ки 97 медал, аз ҷумла 42 медали тилло ба даст овард, дар ҷои дуюм, Эрон бо 118 медал, аз ҷумла 36 тилло дар ҷои сеюм қарор гирифтанд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар маҷмӯъ варзишгарони 36 даста (35 давлат, дастаи паноҳандагон зери парчами Шӯрои олимпии Осиё) сазовори медали бозиҳо гардиданд.


