Боздошти қотилони духтари ноболиғ дар Суғд бо гузашти 20 сол

Date:

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ кормандони милитсия ҳодисаи куштори моҳи декабри соли 2007 рухдодаро ошкор намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ба гумони даст доштан дар ин куштор 2 тан аз сокинони ноҳияи Конибодом боздошт шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, гумонбаршудагон санаи 21 декабри соли 2007 ба манзили сокини 56-солаи ҳамин ноҳия ворид шуда, пай мебаранд, ки духтари соҳиби манзил – хонандаи синфи 8 (соли таваллуд 1993) онҳоро дидааст.

«Онҳо барои халос шудан аз шоҳид, аввал духтарро бо чӯб лату кӯб ва сипас ӯро буғӣ мекунанд, ки дар натиҷа ноболиғ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад», – гуфт манбаъ. – Баъдан барои рӯйпӯш сохтани ҷиноят, онҳо ҷасади духтарро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд».

Зимнан зикр гардид, ки нисбати боздоштшудагон мутобиқи се моддаи Кодексии ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...