Дар Тошканд озодии ВАО дар Осиёи Марказиро баррасӣ мекунанд

Дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд имрӯз конфронси 19-уми васоити ахбори умуми Осиёи Марказӣ «Журналистикаи кушод дар Осиёи Марказӣ» ба кор шурӯъ кард. Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи конфронс Маттайс Берман, сармушовири Дафтари намояндаи САҲА оид ба масоили озодии ВАО изҳор намуд, ки баргузории ин чорабинӣ дар Ӯзбекистон гувоҳи вазъи кушоди гуногунандешӣ (плюрализм) аст, ки […]

Asia-Plus

Дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд имрӯз конфронси 19-уми васоити ахбори умуми Осиёи Марказӣ «Журналистикаи кушод дар Осиёи Марказӣ» ба кор шурӯъ кард.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи конфронс Маттайс Берман, сармушовири Дафтари намояндаи САҲА оид ба масоили озодии ВАО изҳор намуд, ки баргузории ин чорабинӣ дар Ӯзбекистон гувоҳи вазъи кушоди гуногунандешӣ (плюрализм) аст, ки аз ҷониби ҳукумати ин кишвар дастгирӣ мешавад.

Ба гуфтаи муовини раиси парлумони Ӯзбекистон Сарвар Отамуродов, мавзӯи чорабинии имрӯза ба рӯҳияи ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон амалӣ мешаванд, мутобиқ аст. «Ҳеҷ кас дигаргуниҳои мусбат ба таъмини озодии баён дар Ӯзбекистон тайи соли ахирро инкор карда наметавонад», – иброз дошт ӯ.

Дар оғози вохӯрӣ ҳамчунин зикр гардид, ки таъмини амният набояд озодии суханро халалдор созад ва сиёсате, ки ба мубориза бо иттиллоти бардурӯғ ва таблиғотӣ равона шудааст, набояд дар заминаи сензура роҳандозӣ шавад. «Озодии ВАО – фазои демократия ва танҳо гуногунандешиву интиқод муҳаррики рушд аст», – қайд шуд дар вохӯрӣ.

Қобили зикр аст, ки конфронс муддати ду рӯз идома ёфта, ба он коршиносон, намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ, ВАО-и Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон даъват шудаанд. Дар вохӯрӣ ҳамзамон намояндагони як қатор созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Интернюс низ ҳузур доранд, ки замоне дафтари кории он дар Ӯзбекистон баста шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.