Сафарбарии 85 прапоршикҳои ҷавон ба марзбонӣ

Date:

Дар Рӯзи ҷашни Конститутсияи Тоҷикистон – 6 ноябр дар маркази таълимии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон маросими тантанавии савгандёдкунии 85 нафар прапоршикҳои ҷавон доир гардид, ки ба сафҳои марзбонони ҷумҳурӣ мепайванданд.

«Прапоршикҳои ҷавон баъди хатми давраҳои омӯзишии махсус савганд ёд карда, ба хизмати минбаъда дар посгоҳу дидбонгоҳҳои дурдасти ҷумҳурӣ таъинот гирифтанд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев.

Ба гуфтаи ӯ, дар баробари прапоршикҳои ҷавон ҳамчунин 370 нафар наваскарони Қушӯнҳои сарҳадӣ низ ба адои қарзи ҳарбӣ ва хизмат ба Ватан савганд ёд карданд.

Прапоршикҳои ҷавон ва наваскаронро бо қабули савганд фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, марзбонони собиқадор ва волидони онҳо табрику таҳният гуфтанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...