Ифтитоҳи бинои нави сафоратхонаи Эрон дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе шоми рӯзи 8 ноябр бо иштироки вазирони корҳои хориҷии Эрону Тоҷикистон Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Сироҷиддин Аслов маросими ифтитоҳи бинои нави сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз намояндагии дипломатии Эрон дар Душанбе хабар дод, пас аз маросими расмӣ роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии кишварҳо бо шароити кору […]

Наим Халимов

Дар шаҳри Душанбе шоми рӯзи 8 ноябр бо иштироки вазирони корҳои хориҷии Эрону Тоҷикистон Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Сироҷиддин Аслов маросими ифтитоҳи бинои нави сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз намояндагии дипломатии Эрон дар Душанбе хабар дод, пас аз маросими расмӣ роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии кишварҳо бо шароити кору будубоши дипломатҳои эронӣ дар ин бино аз наздик шинос шуданд.

Изҳори итминон шуд, ки дипломатҳои эронии муқими Душанбе минбаъд низ баҳри густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон саҳми босазо хоҳанд гузошт.

Қобили зикр аст, ки бинои нави сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, дар наздикии биноҳои сафоратхонаҳои Русия, Афғонистон ва Олмон ҷойгир шудааст.

Мувофиқи Нақшаи генералии Душанбе, бинои пешинаи сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон, ки аз соли 1992 дар кӯчаи Теҳрон, паҳлӯи бинои парлумон ҷойгир аст, кӯчонида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1931 – Корхонаи шароббарории Душанбе, ки нахустин завод дар қисмати марказии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ба истифода дода шуд. Соли 1957 – Аввалин...

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.